Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти солонаи Президенти Швейтсария Виола Амхерд иштирок намуд

Январь 13, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода  дар мулоқоти солонаи Президенти Швейтсария Виола Амхерд иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Президенти Швейтсария Виола Амхерд роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Швейтсарияро бо фаъолияти пурсамар табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои нав орзу намуд.

Мулоқоти  Президенти Швейтсария Виола Амхерд  бо дипломатҳои хориҷӣ дар Швейтсария 10 январ дар бинои парлумон дар Берн баргузор гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Январь 13, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд