Шуъбаи бемории дили Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Январь 27, 2024 12:37

ДУШАНБЕ, 27.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи бемории дили Беморхонаи маркази ноҳияи Рӯдакӣ пас аз таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шуъбаи бемории дил бо сатҳу сифати баланд аз таъмир бароварда шуда, дорои 12 кат мебошад.

Аз кормандони соҳа даъват шуд, ки бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгардида ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар хизмати тиббӣ расонанд.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ баҳри ташхису табобати шаҳрвандон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2024 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад