Шумораи ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Ҷопон ба 62 нафар расидааст

Январь 3, 2024 10:44

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи умумии ҳалокшудагон бар асари заминларзаҳое, ки дар қисмати марказии Ҷопон идома доранд, ба 62 нафар расидааст. Дар ин хусус аз маълумоте, ки мақомоти минтақавӣ нашр намудаанд, бармеояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС.

Ҳамчунин беш аз 100 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Аксари ҳалокшудагон ва осебдидагон сокинони префектураи Исикава мебошанд, ки дар маркази заминларзаҳои давомдор қарор дорад. Дар он ҷо сӯхторҳои зиёде, ки бар асари заминларзаҳо ба вуҷуд омадаанд, беш аз 200 хонаи истиқоматиро нобуд сохтанд ва зиёда аз 100 бино дар натиҷаи таконҳои зеризаминӣ хароб гардидаанд.

Наҷотдиҳандагон, кормандони хадамоти изтирорӣ ва сарбозони Неруҳои худмуҳофизатии кишвар, ки ба минтақаи офати табиӣ ҷалб шудаанд, ба тоза намудани харобаҳо ва ҷустуҷӯи одамони гумшуда идома медиҳанд. Рӯзи чоршанбе дар минтақаи осебдида аз субҳи барвақт борон меборад.

Аз сабаби пайомадҳои заминларза тақрибан 60 ҳазор сокини префектураҳои Исикава, Ниигата ва дигар тахлия шуданд. Зиёда аз 33 ҳазор хонаҳо бе барқ мондаанд, дар минтақаҳои зарардида қатъи фаъолияти интернет ва алоқаи мобилӣ мушоҳида мешавад. Дар баъзе деҳаҳо мушкилоти обтаъминкунӣ боқӣ мондааст.

Дар Ҷопон шуруъ аз рӯзи душанбе аллакай беш аз 300 заминларзаи гуногун ба амал омадааст, ки аз ҳама пуриқтидортаринаш 7,6 баллро ташкил дод. Таҳдиди сунамӣ ба тамоми соҳили ғарбии давлат зиёда аз 20 соат идома ёфт.

Заминларза дар ин қисмати Ҷопон шуруъ аз соли 1885 аз ҳама пурқувваттарин дониста мешавад. Зилзилашиносон ҳушдор медиҳанд, ки пасларзаҳо дар минтақа тақрибан як ҳафта идома менамоянд ва хатари заминларзаи нави пурқуввати беш аз 7 дараҷа вуҷуд дорад. Аз сокинони маҳаллӣ даъват шудааст, ки хеле ҳушёр бошанд ва паёмҳои расмии хадамоти изтирорӣ ва мақомотро назорат намоянд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 3, 2024 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд