Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 90 миллиард сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 25.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 90 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ин омор дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат баён шуд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми содироти молу маҳсулот 25 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 14,3 фоиз зиёд мебошад. Соли 2023 истеҳсол ва содироти маҳсулоти нимтайёр афзоиш ёфтааст.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 47 фоизи нишондиҳандаи содироти молҳо аз ҳисоби металлҳои қиматбаҳо ва 15,5 фоиз аз ҳисоби маъдану консентратҳо ташаккул ёфтааст, — тазаккур доданд Сарвари давлат. — Содироти маҳсулоти кишоварзӣ 286 ҳазор тоннаро ташкил додааст, аммо бо назардошти имконияти мавҷуда ин ҳоло ҳам нокифоя мебошад».
Дар идома иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 содироти сабзавот ва полезиҳо нисбат ба соли 2022 15,5 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 7 ҳазор, сабзӣ 5,6 ҳазор ва карам 2,6 ҳазор тонна кам гардидааст.
Содироти ин намуди маҳсулот аз вилояти Суғд 9,2 ҳазор тонна, вилояти Хатлон 3,6 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,7 ҳазор тонна кам шудааст.
Бинобар ин, Пешвои миллат вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии содирот ва вазорату идораҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати таъмин намудани рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад






