Соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 672 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст

Январь 25, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Соли 2023 тибқи санҷишҳои Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилот зарари молиявӣ дар ҳаҷми 672 миллион сомонӣ ошкор гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад»,-чунин изҳори назар намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.

Сарвари давлат иброз доштанд ки аз ҳаҷми умумии зарари молиявии ошкоргардида 660 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 504 миллион сомонӣ барқарор шудааст.

Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти прокуратура дар соли сипаригардида зарари молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 461 миллион сомонӣ муайян ва ба буҷети давлат барқарор гардидааст.

Президенти Тоҷикистон ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилоти буҷетӣ супориш доданд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид