Соли 2023 ба Тоҷикистон 29,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст

Январь 28, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ба ҷумҳурӣ  29,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2022  4,4 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ 8,2 фоиз ё 2,4 миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 64,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ба   Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки корҳоро дар ин самт тақвият бахшида, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат  тадбирҳои судманд амалӣ намоянд. «Ҳамчунин зарур аст, ки гуногунсамтии ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ аз давлатҳои ҷаҳон ва ширкатҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ таъмин гардад»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ҳамзамон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки  ҷиҳати такмили методологияи омор ва низоми қабули сармояи мустақими хориҷӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, ташаккули низоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рақамикунонии он тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Президенти Тоҷикистон ҳамзамон иброз намуданд, ки соли 2023 дар самти истифодаи мақсадноки маблағи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ низ якчанд камбудиҳо ба назар расиданд. Зимни санҷишҳои аз ҷониби Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ гузаронида зарари молиявӣ дар ҳаҷми 36 миллион сомонӣ ошкор гардид.

Бинобар ин ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо супориш дода шуд, ки амалисозии саривақтии лоиҳаҳоро таъмин намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои фаврӣ андешанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 28, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»