Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегарданд

Январь 29, 2024 17:14

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида мешаванд. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма муовини якуми Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Назариён иттилоъ дод.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2024 Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом», Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», барномаҳои фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслиҳати Туркманистон Гурбагули Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Инчунин дар шаҳри Душанбе дар доираи Вохӯрии панҷуми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барномаи фарҳангии муштарак баргузор гардид, ки дар он аҳли санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2024 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад