СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Собиқадорони милитсияи Тоҷикистон дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Дар доираи ин иқдом ва бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандону кормандони ҷавони милитсияи пойтахт Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки собиқадорон мулоқоту суҳбат ва машваратҳои омӯзишӣ доир менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Дар ин робита дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои собиқадорони вазорат доир гардид.
Таъкид шуд, ки воқеан бо мақсади баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз малака ва таҷрибаи бойи собиқадорон истифода намудан ниҳоят ба маврид ва самаранок аст. Зеро собиқадорон мактаби бузурги донишу таҷриба ва шуҷоату мардонагӣ ба шумор рафта, давоми солҳои зиёди фаъолияти корӣ дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият аз иҷрои уҳдадориҳои сахту сангини хизматӣ сарбаландона баромадаанд.
Дар мақомоти милитсия ҳамеша талошу заҳматҳои собиқадоронро пос дошта, аз малака ва таҷрибаи кории онҳо барои беҳбуди фаъолият ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷавони милитсия самаранок истифода менамоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






