Тоҷикистон СММ ва дигар давлатҳои аъзоро барои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм даъват намуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) «Брифинги сатҳи баланд оид ба барнома ва лоиҳаҳои Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар Осиёи Марказӣ – дастовардҳо ва қадамҳои минбаъда» баргузор гардид, ки дар он Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм, Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шурои Амнияти СММ ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ бо мақсади баррасии таҳдидҳои кунунӣ ва пайдошаванда дар самти мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ ва муаррифии дастовардҳои асосии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт танзим гардид.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат аҳаммияти татбиқи саривақтии лоиҳаҳои минтақавӣ ва миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароиро иброз намуд.
Ҷонибек Ҳикмат ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳои аъзоро барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ дар чаҳорчӯби раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он даъват намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






