«ТОҶИКОН» ВА «ШОҲНОМА»-ШИНОСНОМАҲОИ БАШАРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Мардуми мо дорои руҳияи баланди худшиносии миллӣ ва таърихи пурифтихор аст
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъбасти озмуни ««Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» ва таҷлили ҷашни аллома Бобоҷон Ғафуров нишон дод, ки имрӯзҳо миллати мо дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи баланди худшиносии миллӣ ва дарку шинохти ҳувият ва таърихи пурифтихори худ зиндагӣ менамояд. Ин натиҷа ва ҳосили он иқдоми шоистаи Пешвои миллатамон буд, ки китоби «Тоҷикон»-ро ду-се соле пештар ба тамоми хонаводаҳои мамлакат тақдим намуда буданд. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
— Ин иқдом чанд ишораю мазмуни баланд ва ҳадафҳои дурбинонае дошт. Аввалинаш ин аст, ки мардуми тоҷик мардуми китобпараст мебошад ва ин гувоҳи соҳибтамаддуну фарҳангпарвар будани онҳо аст ва таърихан китоб, хусусан китобҳои муқаддас дар хонадони тоҷикон ҷойгоҳи хоссаи худро доранд. Хусусан, китобҳои Қуръони маҷид ва девони Ҳофиз, ки ҳамчун падидаи муқаддас дар зери болини тифлон дар гаҳвораҳо гузошта мешуданд. Ва мо медонем, ки китобҳои илмиву адабӣ, хусусан осори классикони илму адаби тоҷик аз қиматтарин дороии хонадонҳои соҳибмаърифати мо буданд. Хазинаҳои китобдорӣ, ҳатто дар дурдасттарин деҳоти ин сарзамин вуҷуд доштанд, ки мутаассифона, бо иғвову таҳдидҳои аҷнабиён сӯхтаву зери хок ва нобуд гардонида шуданд. Аз ин рӯ, имрӯз бозгашти мо ба китоб бозгашт ба дороиҳои маънавӣ, ба асолати милливу таърихии халқамон маҳсуб мешавад.
Ҳамин руҳияи худшиносиву ифтихори миллӣ, ки дар сиёсати даврони соҳибистиқлолии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустин амалӣ мешавад, сабаби аксари дастовардҳои дурахшоне аст, ки давоми даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд. Ва хуҷастатарини онҳо ҳамин руҳияи ягонаи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар мамлакат аст, ки ҳама мардуми моро имрӯзҳо фаро гирифтааст.
Озмуни ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» нишон дод, ки ин эҳсосот, яъне ифтихори миллӣ ва руҳияи ватандӯстӣ ба мардуми мо, на танҳо бегона нест, балки дар ин сарзамин имрӯз касеро наметавон ёфт, ки фориғ аз он бошад. Худи ҳамин далел, ки дар саросари мамлакат, ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои он ҳазорон нафар наврасону ҷавонон, миёнсолону куҳансолон дар ин озмун иштирок доштанд, далели ҳамин руҳия аст. Дар ин озмун на танҳо онҳое бурд намуданд, ки пирӯзӣ ба даст оварданд, балки ҳар нафаре, ки иштирок дошту ба ин муносибат ин китобро хонд ва дониши худро аз ҳисоби маълумоти таърихӣ мукаммал сохт, низ манфиат бардошт. Зеро он чи чун дороӣ бо ӯ як умр мемонад, ҳамин дониш аст, ки аз омӯзиши ин китоб ба даст овардааст. Дар маҷмуъ, аз ин озмун фазилати миллии халқи мо боло рафт, ки дастоварде аст қиматбаҳо.
Худи ҳамин падида, яъне тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонадон зуҳуроти бешабеҳ буд, ки чунин иқдомро аз ҷониби ягон Сарвари давлати дигар дар гузаштаву имрӯз касе ёд надорад. Барои ин иқдом ва амалӣ намудани иқдоми дигари ватандӯстонаи Пешвои миллати мо бояд мисли он кас Сарвари ватандӯст, миллатпараст ва ҷоннисоре бошад, зеро чунин иқдом танҳо аз сиришти хуҷастаи инсони хуҷаста рӯ мезанад, инсоне ки ҳама вуҷуди худ, ақлу заковату муҳаббати худро ба ояндаи дурахшони халқу меҳанаш бахшидааст.
Мо аллакай ба он одат намудаем, ки аз ҷониби Пешвои миллати мо ҳар замон метавон як иқдому як ташаббуси бемислу дурахшонро интизор буд, мисли ин ки табиати ин шахсияти таърихӣ табиате аст хайрхоҳу некбин ва бунёдкору созанда, ки наметавонад бо пирӯзиҳои ба даст омада қаноатманд бошад. Аз ҳамин рӯ аст, ки имрӯз шиори зиндагиву рӯзгори халқи мо, давлату Ҳукумати мо ва Пешвои он танҳо ҳамин вожаи вирди забон аст: «Тоҷикистон, ба пеш!».
Инак, иқдоми дигари навбатии Пешвои миллати мо мисли офтоби дурахшоне аз сиришти ватандӯстонаи он кас тулӯъ намуд ва ин иқдом эълони интишор ва тақдими шоҳкитоби таърихии миллати тоҷику форс- «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадони тоҷик мебошад. Воқеан, чуноне ки шоҳид ҳастем, чунин ташаббус ва иқдоми барҷаставу дар тамоми олам бешабеҳро метавон танҳо аз сиришти ватандӯстона, миллатпарастонаву некбинонаи Пешвои миллати мо умедвор буд. Ин пешниҳод воқеан офтобе буд, ки аз сиришти ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон тулӯъ намуда, ҳама ҷоро гарму равшан сохт. Имрӯз, агар танҳо як чунин иқдом дилҳоро гарму равшан намуда бошад, тасаввур намоед, вақте ки он амалӣ мешавад, чӣ қадар ин гармӣ ва равшанӣ интишори бештаре меёбад.
Бе ҳеҷ шубҳае метавон Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро яке аз барҷастатарин шоири дунё ва дурахшонтарин чеҳраи адабиёти тоҷику форс эътироф намуд. Бисёре аз муҳаққиқон «Шоҳнома»-и ӯро бузургтарин ҳамосаи адабии дунё ҳисобидаанд. Аз ин рӯ Президенти Тоҷикистон маҳз «Шоҳнома»-ро интхоб намудаанд, зеро ин шоҳасар бештар аз ҳар асари дигар ангезишҳои ватандӯстӣ дошта, бештар аз ҳар асари дигар роҳнамои ифтихорот ва пирӯзиҳои миллӣ буда метавонад.
Дар айни замон Фирдавсиро бо он муҳаббати беандозааш нисбат ба сарзамин метавон марде ватанпараст ва меҳандӯст донист, аммо бузургии ҳаким Фирдавсӣ дар он аст, ки дар ҳама навиштаҳояш беғаразии худро ба исбот расонидааст ва ҳеҷ гоҳ тобеи эҳсосот ва ғараз нашудааст.
Албатта, тақдими «Шоҳнома»-и безавол ба ҳар хонадони мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат ҳадафҳоеро пайгирӣ менамояд, ки хеле волотару хуҷастатар мебошанд. Аввалин эҳсосе, ки ҳузури «Шоҳнома» дар хонадони ҳар нафар сокини ин мамлакат ба кас мебахшад, ин бовару неру ба худ, ба ояндаи хеш аст, ин ифтихори бегазанди миллӣ аст, ки низ сарчашмаи руҳбахши инсонҳо мебошад. Яъне, «Шоҳнома» на камтар аз як ҷавшани маънавии ҳифзбахшанда аст, ки моро бо руҳияи меҳанпарастии худ аз хатару таҳдидҳо нигоҳ медорад.
Баъдан, «Шоҳнома» мактаб, балки донишгоҳе аст, ки ба хонандаи худ на фақат ифтихори миллӣ, таълиму дониши таърихӣ медиҳад, балки донишу фазилати тамоми соҳаҳои зиндагӣ, тамоми илмҳо, ҳама фалсафаву динҳо, ҳикмату таълимот, ҷаҳонбинии беҳудудро низ тақдим медорад. Дастпарвари «Шоҳнома»-ро метавон дастпарвари як донишгоҳи олии беназир донист. Ба ҷуз он ки «Шоҳнома» барои мо як мактаби ватандорӣ аст, ин асари безавол ҷамъбасти тамоми андешаву динҳову илму фалсафа ва зиндагии таърихии миллати мо, балки насли одамизод аз оғози дунё то замони ҳаким Фирдавсӣ дар рӯи Замин аст.
Агар мушаххастар гӯем, имрӯз «Шоҳнома» барои мо метавонад ҳамчун яке аз сарчашмаи асосӣ барои эҳёи дубораи Ватанамон хизмат намояд. Ин мавзуи хеле доманадоре аст, аммо метавон далелҳои зиёде овард, масалан сарчашмаҳои аксари суннату ойинҳову маросими миллии мо, ки имрӯз барои худшиносии миллиамон ногузир зарур ҳастанд, маҳз дар «Шоҳнома» маҳфуз мондаанд. Хусусан, маълумоти асосиву даркориро дар бораи чаҳор маросими миллии мо, ки имрӯз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон рӯи кор омадаанду эҳёи дубора ёфтаанд, ба мисли Наврӯзу Сада, Тиргону Меҳргон метавон дар «Шоҳнома» пайдо намуд. Маълумотро дар бораи нахустин Парчами ковиёнии мо низ метавон дар «Шоҳнома»-и безавол пайдо намуд. Чунин далелҳо хеле зиёд ҳастанд, ки мавзуи пажуҳишоти ояндаи олимонамон мебошанд.
Хуллас, «Шоҳнома» сарчашмаи беохири на фақат анъанаву маросиму ҳунарҳои миллӣ, балки тамоми маълумоту таълимот ва донишҳое мебошад, ки имрӯз барои эҳёи дубораи миллати соҳибтамаддуни мо дар қатори дигар сарчашмаҳои таърихӣ метавонад маводи фаровон диҳад.
Тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонадон ҳанӯз оғози кор аст ва аз таҷрибаи иқдомоти Пешвои миллати мо метавон умедвор шуд, ки фардо ин асари безавол дар ҳар хонадон на танҳо зеби рафҳои китоб, балки муаррифи таърихи гузаштаи мо низ мегардад. Фарзандони ин хонадонҳо онро пайваста варақ-варақ хонда, аз он неруи маънавӣ мегиранд. Ва, албатта, пас аз соле ҳосили ин тақдимро мо дар озмунҳову мусобиқаҳои ақлонӣ хоҳем дид.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз