Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд

Октябрь 13, 2025 17:42

ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе расми ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дӯстдорони синамо имкон доранд, ки давоми се рӯз филмҳои ҳунарии истеҳсоли Русия — «Духтари капитан», «Офтобро бидор», «Қоидаҳои Филипп» ва «Почта»-ро тамошо намоянд.

Баргузории Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки дар соҳаи кинематография лоиҳаҳои нави синамоии муштарак амалӣ гардонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе -«Тоҷи Сомон» баргузор мегарданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Октябрь 13, 2025 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид