Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2025./АМИТ«Ховар»/. Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери аз Ҷумҳурии Италия бо мақсади иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ба вилояти Суғд омада, дар барномаи фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва итолиёвӣ ҳунарнамоӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарияти вилояти Суғд дар мулоқот бо операсароёни машҳури ҷаҳонӣ доир ба дастовардҳои санъату фарҳанги тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод.
Таъкид гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қасрҳо ва марказҳои фарҳангӣ бунёд ёфта, дар онҳо ансамблҳои рақсию овозӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ фаъолият доранд. Мардуми фарҳангдӯст ва ҳунармандони тоҷик ҳамеша ба ҳунари асил арҷ мегузоранд ва ҳунарро ҷузъи муҳими зиндагии маънавии худ медонанд.
Операсароёни итолиёвӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери изҳор доштанд, ки нахустин маротиба ба Тоҷикистон омада, аз меҳмоннавозии мардум, зебоии табиат, маконҳои таърихӣ ва махсусан аз шукӯҳи дарёи Сир таассуроти нек бардоштанд. Онҳо афзуданд, ки шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги миллати тоҷик барояшон сурур бахшид ва дар оянда барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






