Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» беш аз 30 филм намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 12.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 октябр дар доираи баргузории озмунҳои Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ бо ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои синамоҷашнвора тибқи 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифт. Филмҳои пешниҳодшуда аз Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия, Муғулистон ва Тоҷикистон буданд. Комиссияи интихоби филмҳо дар муддати як моҳ филмҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Дар озмуни филмҳои ҳунарии пурра аз Русия 2 филм, Узбекистон- 1 филм, Туркманистон- 1 филм, Тоҷикистон- 4 филм, Қирғизистон-1 филм, Муғулистон-1 филм, Беларус-1 филм, Ҳиндустон-1 филм, Қазоқистон-1 филм, Молдова- 1 филм, Эрон-1 филм ва аз Туркия 1 филм иштирок ва рақобат хоҳанд кард.
Дар озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ аз Русия 4 филм, Эрон- 5 филм, Узбекистон- 2 филм, Беларус- 1 филм, Қирғизистон- 2 филм, Тоҷикистон- 4 филм, Озарбойҷон- 1 филм ва аз Ҳиндустон 1 филм иштирок менамоянд.
Инчунин давоми 5 рӯз дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» намоиши ғайриозмунии филмҳо дар саросари ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир карда мешавад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






