Ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш 59 ҳазор нусха адабиёт ворид гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 октябри соли равон фонди хизматии Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3 миллион нусха китоб ва дигар маводи чопиро дар бар мегирад, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли равон 59 ҳазору 230 нусха адабиёт ворид карда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида 51 ҳазору 049 нусхаро ташкил дод. Аз сафоратхонаҳо ва ташкилоти хориҷӣ 496 нусха китоб ворид гардидааст. Ҳамчунин 531 нусха маҷаллаҳои обунавии ватанӣ, 114 нусха маҷаллаҳои хориҷӣ ва 1204 маҷаллаи ҳатмӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи мактубу дархостҳои вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ, соли равон ба миқдори муайяни 29 ҳазору 900 нусха китоб аз ҳисоби китобҳои бисёрнусха ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат фиристода шуданд.
Дар ин муддат аз ҳисоби китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда 39 ҳазору 21 нусха китоб коркард шуда, ба фонди асосӣ ва фондҳои ёридиҳандаи китобхона супорида шуданд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






