Дар Ховалинг бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид
ДУШАНБЕ, 12.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар водии дарёи Ёхсуи ноҳияи Ховалинг экспедитсияи байналмилалии геологӣ-бостоншиносӣ доир шуд, ки дар натиҷа бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Экспедитсияи байналмилалии геологӣ-бостоншиносӣ бо иштироки ходимони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Русия ва факултаи география ва уқёнусшиносии Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуд.
Ҳафриёт тақрибан дар 10 метри мураббаъ гузаронида шуда, қабати дорои осори маданиро бо ғафсии 2,5 метр ошкор намуд, ки дар он 31 артефакти сангин ёфт гардид. Артефактҳо аз як нуклеуси навъи радиалӣ, парахаҳо, парахаҳои дарозшакл, нӯгтез ва шикастпораҳо иборат буданд. Ба гурӯҳи асбобҳо аз рӯи типология метавон чанд намунаи коркардшударо дохил кард, аз ҷумла ду харошаки белчамонанд бо нишонаи коркарди дуюмдараҷа ва табари дастӣ бо канори тезу дароз ва корд, ки аз параха сохта шудааст. Барои пора кардани санг одамон сангҳои дарёгӣ (зароған)-ро истифода мебурданд.
Маводи бадастомадаи бошишгоҳи навкашфшуда дар мавсими таҳқиқоти соли 2025 имкон медиҳад, ки тасаввуроти мо дар бораи хусусияти саноати сангии тақрибан 500-ҳазорсола ба таври назаррас васеъ гарданд. Таҳлили намунаҳои хок, ки аз қабатҳои геологӣ гирифта шудаанд, донишҳои моро оид ба хусусияти шароити табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба равандҳои маскуни инсон дар болооби дарёи Яхсу дар давраи байни 100 то 800 ҳазор сол пеш ба таври ҷиддӣ васеъ мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






