ҲУШДОР! Хатари лағзиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки тибқи пешгўии ҳавошиносон, чанд рӯзи оянда дар ҳудуди роҳи мошингарди Душанбе-Чанок, бахусус дар километрҳои 48 — 74 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо сафари худро ба ин самт маҳдуд ва аз ҳар гуна сафари бе зарурат худдорӣ намоянд.
Дар чунин рўзҳо дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра хатарнок аст.
Кумита ба ронандагоне, ки мехоҳанд ба ин самт ҳаракат намоянд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар бораи вазъи роҳ иттилои дақиқ дарёфт намуда, ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат дар мавриди вазъи ҳаво диққат диҳанд.
Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин намоянд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддӣ риоя намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»






