Захираҳои дар Тоҷикистон мавҷудаи литий барои истеҳсоли автомошинаҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад
ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи маҳсулоти алюминийи Тоҷикистон ва захираҳои дар мамлакат мавҷудаи литий барои истеҳсоли автомошинаҳои барқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Яъне ду намуди ашёи асосӣ барои истеҳсоли чунин автомошинаҳо дар ҷумҳурии мо мавҷуд аст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз зимни суханронӣ дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар.
Сарвари давлат баён доштанд, ки истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкории мо бошад. «Яке аз ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Барои мо татбиқи тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ афзалиятнок мебошад»,-баён доштанд Пешвои миллат.
Таъкид гардид, ки қаламрави Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан заминаи устувор фароҳам овардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир кашф ва барои аз худ намудан қисман омода шудааст.
Аз ин шумора алҳол дар конҳое, ки мавриди истифодабарӣ қарор доранд, зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ мешавад.
Роҳбари давлат изҳор намуданд, ки дар баробари захираҳои маъдании комилан зарур, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, ҳамчунин, намаки сангӣ дурнамои хуб дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






