«ҲАДАФҲОИ ТАРБИЯВИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ маҳфили тарбиявӣ баргузор шуд

Февраль 15, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо мақсади таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»   таҳти унвони «Ҳадафҳои тарбиявии Паёми Президент» байни донишҷӯён маҳфили тарбиявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Зимни маҳфили тарбиявӣ устодон доир ба масъалаҳои вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлокӣ, пешгирии фарҳанги бегона ва иштироки ҷавонон дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ ибрози андеша намуданд.

Воқеан ҳам баргузор намудани чунин маҳфилҳои тарбиявӣ байни донишҷӯён дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии насли ҷавони ҷомеа иқдоми наҷиб буда, ба фаҳмишу афкори ҷавонон таъсири мусбат мерасонад.

Дар анҷоми ҳамоиш бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва ҳавасманд намудани донишҷӯён ба илмомӯзӣ аз тарафи устодони факултети филологияи тоҷик латифаю чистонгӯӣ ва викторина баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо  Назаршоев

Февраль 15, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд