Ҳайати энергетикҳои Қирғизистон бо иншооти азим- Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал ҳайати энергетикҳои Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика Таалайбек Ибраев дар доираи сафари омўзишӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти сохтмони иншооти азми аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар доданд.
Ҳайати мазкур аз роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои энергетикии Ҷумҳурии Қирғизистон иборат мебошад.
Ҳайати меҳмононро дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роҳбарону мутахассисони масъул бо лоиҳаи беназири неругоҳ тавассути видеофилми ҳуҷҷатӣ муаррифӣ намуданд.
Энергетикҳои Қирғизистон бо ҷараёни сохтмон ва кору фаъолияти сохтмончиёни тоҷик дар ин ишооти азими аср аз наздик шинос шуданд. Онҳо бо иншооти асосии неругоҳ, аз қабили нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4) ва мавзеи Сарбанди хокию сангии баландтарин дар ҷаҳон, ки бо қомати 335 метр аз сатҳи баҳр бунёд хоҳад шуд, шинос гардиданд.



Меҳмонон ҳамчунин бо бунёди обқабулкунаки асосии неругоҳ, ки дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр амалӣ мешавад, нақбҳои обрасону ҳавокаш, иншооти толори мошинҳову бинои тарнсформаторҳо, нақбҳои нақлиётиву дастрасӣ, намои соҳилҳову обанбори тозабунёд, тирози Ядрои Сарбанд ва тароши куҳҳои паҳлӯӣ шинос шуданд.
Ҳайати Қирғизистон дар фарҷом ба китоби «Роғун — Кохи Нур» таассуроти худро дарҷ намуданд.
АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»











Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд






