Ҷаласаи гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ доир шуд

Февраль 26, 2024 16:02

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 6-уми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Узбекистон  оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди дидбонгоҳҳои «Патар» ва «Сарват» дар каналҳои байнидавлатии канали калони Фарғона ва канали шимолии Фарғона», ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ маблағгузорӣ шудааст, баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа, ки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев, инчунин ҳайатҳои ҳарду давлат ва шарикони рушд иштирок доштанд, иқдоми минбаъда ҷиҳати истифодаи дидбонгоҳҳои   автоматикунонидаи «Патар» ва «Сарват» ва имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави байнидавлатӣ дар соҳаи захираҳои об ва дигар масъалаҳои марбута байни Тоҷикистон ва Узбекистон муҳокима шуданд.

Инчунин дар доираи ҷаласаи 6-уми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои автоматикунонидаи «Патар» ва «Сарват» доир шуд. Он ба таври автоматӣ сабт ва интиқоли маълумот дар бораи ҷараёни об дар ин дидбонгоҳҳо ва идоракунии самараноки захираҳои об дар каналҳои байнидавлатиро таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки автоматикунонии дидбонгоҳҳои «Патар» ва «Сарват» дар раванди рақамикунонии соҳаи об яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикист

Февраль 26, 2024 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд