АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ ва занбўриасалпарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд
ДУШАНБЕ, 10.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ, занбўриасалпарварӣ, омўзиши таҷрибаи муосир дар ин самтҳо, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла беҳтарсозии зоти чорво ва паранда тариқи афзоиш додани маҳсулнокӣ, фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, пешгирии коҳишёбии саршумори чорвои зотӣ, муайян намудани омилҳои сар задани бемориҳои сироятии чорво ва паранда, инчунин чанд масъалаи дигари ба ин самт дахлдошта аз ҷумлаи вазифаҳоест, ки соли 2024 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои зотпарварӣ ва дигар мақомоти дахлдор барои анҷоми босифати онҳо бояд тадбирҳои муассир андешад. Ин мавзуъро АМИТ «Ховар» шарҳ медиҳад.
Ба соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ минъбад низ имтиёз дода мешавад
Тавре масъулини Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, рӯзҳои наздик қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани имтиёз ба соҳаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ қабул мегардад. Тибқи низоми содакардашудаи андозбандӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда шуруъ аз соли 2018 то 31 декабри соли 2023 аз пардохти андоз аз шахсони ҳуқуқӣ, арзиши иловашуда, аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод буданд. Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби бештари соҳибкорон ва рушди соҳаҳои мазкур мебошад.
Дар давраи амали имтиёзҳо дар самти парандапарварӣ шумораи корхонаҳои соҳа афзоиш ёфта, воридоти гӯшти паранда, махсусан мурғ аз хориҷи ҷумҳурӣ кам гардида, теъдоди корхонаҳои парандапарварӣ аз 65 ба 228 адад расонида шуд.
Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гўшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид.
Дар ҷумҳурӣ вилояти Суғд бо фаъолияти 132 корхонаи парандапарварӣ дар ин соҳа пешсаф аст
Тибқи маълумоти КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», дар айни замон дар ҷумҳурӣ 228 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дошта, аз ин 101 корхона ба истеҳсоли тухм, 113 корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 корхона ба истеҳсоли тухму гўшти паранда ва 6 корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд.
Аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 132 адад ба вилояти Суғд, 33 адад ба вилояти Хатлон ва 63 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мансуб мебошад.
Дар вилояти Суғд 6 корхонаи нави парандапарварӣ, аз қабили ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи Бебаҳо», «Ганҷи Сомон»-и шаҳри Гулистон, «Анко-Инвест»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Некбахт»- и ноҳияи Мастчоҳ, «Корвони паранда»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва «Тухми Соф»-и шаҳри Истаравшан (тухмӣ) ба истеҳсоли маҳсулот шуруъ намуданд, ки дар таъмини бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ бо маҳсулоти хушсифат саҳм мегузоранд.
Дар вилояти Хатлон 4 адад корхонаи нави парандапарварӣ: Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Танвин», «Сақо» дар ноҳияи Кўшониён ба истеҳсоли гӯшти паранда, дар шаҳри Левакант ҶДММ «Парандаи хушзот» ба истеҳсоли тухми паранда ва дар ноҳияи Носири Хусрав ҶДММ «Ҳоҷӣ Ҳасан» ба кор шурӯъ намуданд, ки самти фаъолияташон асосан истеҳсоли гӯшти паранда мебошад.
Дар соли 2023 бо мақсади таъмини бозори истеъмолии мамлакат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 55,3 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,8 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли тухм дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1223,7 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 млн дона зиёд мебошад.
Вилояти Хатлон дар соҳаи моҳипарварӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад
Дар айни замон шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 384 адад расонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 5454, 4 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 12 адад ва истеҳсоли моҳӣ 708 тонна ё 14,9 фоиз зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи моҳии тоҷик» дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо 100 ҳазор моҳича парвариш меёбад.
Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 дар Тоҷикистон сайди моҳӣ дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 3928, 0 тонна, Суғд 1001, 6 тонна, ВМКБ 1,1 тонна ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 523, 7 тоннаро ташкил додааст. Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 2669, 0 тонна намуди пешониғафси сафед (толстолобик), 514, 6 тонна зағорамоҳӣ (сазан), 517, 3 тонна — гулмоҳӣ, 574, 4 тонна амури сафед, 8, 2 тонна суфмоҳӣ ва 1170, 9 тоннаро дигар намуди моҳиҳо ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон дар як сол имкони то 200 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намудан вуҷуд дорад
Тибқи таҳлилҳои олимон, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва дигар намудҳоро метавон вохӯрд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам ба об вобаста аст. Об ширин бошад, моҳӣ ширин, шӯр бошад, шӯр мешавад.
Ҳар сол дар дунё барои маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза озмунҳо гузаронида мешаванд. Соли 2002 дар Женева барои сифати моҳӣ Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.
Бояд гуфт, ки 60 фоизи обҳои тозаи Осиёи Марказӣ аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд. Ба гуфти коршиносони соҳа, аз ин миқдор об ба ҳисоби камтарин дар Тоҷикистон дар як сол имкони то 200 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намудан вуҷуд дорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»