Имрӯз дар Душанбе Фестивали картошка баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳ кишоварзон навъҳои гуногуни картошка ва хӯрокҳои аз он омодашударо пешниҳод мекунанд. Инчунин аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ доир ба парвариш ва интихоби дурусти тухмии картошка тавсияҳо дода мешаванд.
Ба маълумоти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.
Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад. Навъи аз ҳама беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи ноябри соли равон кишоварзони мамлакат беш аз 1 миллион тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 19 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд. Сарвари давлат бо назардошти шароити кунунии иқлим ва зиёдшавии талабот ба маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолии ҷаҳон дар шаҳру ноҳияҳои асосии картошкапарварии вилоят – Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич истифодаи пурраи имконияти табиӣ, омӯзиши технологияи муосир ва дар истеҳсолот ҳарчи бештар татбиқ кардани таҷрибаи муосири кишту парвариши ин намуди сабзавотро зарур донистанд.
Имсол соли чорум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали намоиш-фурӯши картошка доир мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






