ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ соҳиби шаҳодатнома ва сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия оид ба фаъолияти назарраси донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун пайравони пешқадами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят дар мавзуи «Ҷавонон- ояндасози миллат» маъруза намуда, иброз дошт, ки дар меҳвари ташаббуси ҷавонони ояндасози миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Сарвари давлат Тоҷикистон рушд ва пешрафт намуда, ҷавонон дар он мақом ва манзалати созанда ва ояндасози миллатро касб менамоянд.
Дар ҳамоиш оид ба иҷрои нақшаву барномаҳо вобаста ба касбу кори ҷавонон ва занон, масъалаҳои тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ҳамчун такягоҳи боэътимоди Ватан, арҷ гузоштан ва эҳтиром намудани муқаддасоти миллӣ сухан гуфтанд.
Дар фарҷом ба донишҷӯёни донишгоҳ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва сипосномаҳои Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






