Ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон ба шаҳри Сочи мераванд

Февраль 27, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 27.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 275 нафар аз ҳисоби кормандони ҷавони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷиҳати иштирок дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷалб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ин ҳайат вохӯрӣ намуд.

Иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон мутахассисони соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, соҳибкорӣ, илму фарҳанг, варзиш, кормандони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, воситаҳои ахбори омма, волонтёрон ва намояндагони дигар бахшҳои фаъолияти ҷамъиятии аз 18 то 35-сола мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон 230 нафар аз 1 то 7 марти соли 2024 дар чорабиниҳои асосии фестивал иштирок намуда, ба Ватан бармегарданд.

Беш аз 40 нафари дигар аз 7 то 18 март дар марҳилаи минтақавии Фестивали ҷаҳонии ҷавонон иштирок менамоянд. Дар доираи он ба шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия сафар намуда, бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми рус шинос мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд