Ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ таҷҳизоти иловагии ташхисӣ ва табобатӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) TAD6007 — тақвияти марказҳои саратоншиносӣ ва TAD6008 — рушди хизматрасонии ташхисии марказҳои саратоншиносӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» маросими тақдими таҷҳизоти иловагӣ, аз ҷумла мизи универсалӣ барои томографияи компютерӣ ва дигар таҷҳизоти муосири ташхисӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими супоридани таҷҳизоти иловагии ташхисӣ Матин Ахмедов муовини директор ва Олимҷон Азизов мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ – ҳамчун ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллӣ иштирок намуда, ҷиҳати сари вақт ташхис ва пешгирӣ намудани бемориҳои саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ аз номи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ин таҷҳизотро ҳадя намуданд.
Сардухтури Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Зафар Ҳусейнзода таҷҳизоти иловагии ташхисиро ҷиҳати сари вақт ташхис ва пешгирӣ намудани беморони гирифтори саратон дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд.
«Яке аз роҳҳои табобати бемории саратон- ин табобати нурии беморони гирифтор ба саратон мебошад, ки бо ин мақсад дар чаҳорчӯбаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) шуруъ аз соли 2005 лоиҳаҳо амалӣ мегарданд. Дар ин муддат тавонистем Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-ро бо пешрафтатарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин намоем», — иброз дошт Зафар Ҳусейнзода.
Тибқи иттиллои мудири шуъбаи табобати нурии МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Арабия Аслиддинова, дар доираи лоиҳа 7 муттахассис аз Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, 6 нафар аз Беморхонаи саратоншиносии вилояти Суғд, ҳамчунин 1 нафар аз Беморхонаи саратоншиносии шаҳри Кӯлоб ва дигар минтақаҳои мамлакат ба даврҳои 3-моҳа ва дусола дар хориҷи мамлакат фаро гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз татбиқи ин лоиҳа- сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани бемориҳои гуногуни саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ буда, солҳои оянда дар доираи лоиҳа хариди дигар таҷҳизоти ташхисию табобатӣ ва омӯзонидани кормандони касбии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад






