Бо ёрии «Life» метавон автомобилро суғурта намуд

Февраль 26, 2024 15:57

ДУШАНБЕ, 26.02.2-24 /АМИТ «Ховар»/. Акнун тариқи «Ҳамён»-и замимаи мобилии «MeгаФон Life» метавонед автомобилро зуд ва осон суғурта намоед. Имконияти нав, ки ҳоло танҳо ба шахсони воқеӣ дастрас аст, дар қисми «Хизматрасониҳо» ҷойгир мебошад.

Ба истифодабарандагони замимаи «MeгаФон Life» се намуди хизматрасонӣ дастрас аст. Дар ҳолати якум танҳо ҷавобгарии шаҳрвандии соҳиби автомобил ё ронандагоне, ки тариқи ваколатнома ё дигар асосҳои қонуни рондани мошин ба онҳо иҷозат дода шудааст, суғурта мешавад. Агар онҳо дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ зарари молу мулкӣ ё ҷисмонӣ расонида бошанд, пас ширкати суғуртавӣ ба ҷабрдидагон ҷубронпулӣ пардохт менамояд. Намуди дуюм — «КАСКО ҳангоми ҲРН». Дар ин ҷо тибқи шартҳо хавфи зарарёбии автомобил ё қисмҳои алоҳидаи он ҳангоми ҳаракат суғурта мешавад. Намуди сеюми хизматрасонӣ ҷавобгарии шаҳрвандӣ ва «КАСКО ҳангоми ҲРН»-ро дар бар мегирад.

Хизматрасонии мобилии «Суғурта» барои истифодабарандагони замима мувофиқ ва муфид аст. Он пардохти ҳаққи таъмири мошин дар сурати рух додани ҳодисаи суғуртавӣ, муҳофизатро аз хароҷоти молиявӣ дар ҳолате, ки соҳиби автомобил гунаҳкор аст ва бояд зарари расонидаро ҷуброн намояд, кафолат медиҳад. Полиси суғуртавӣ дар замима дар шакли электронӣ дастрас мебошад. Суғуртакунӣ тавассути «МегаФон Life» осон буда, таносуби нархи хизматрасонӣ ва ҳаҷми муҳофизати суғуртавӣ барои бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб аст.

Хизматрасонии нав барои ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт дастрас аст, зеро ҳамагон метавонанд «MeгаФон Life»-ро боргирӣ намуда, аз вазифаҳои он истифода баранд. МегаФон Тоҷикистон мунтазам теъдоди шарикони замимаро афзоиш медиҳад ва акнун хизматрасонии суғуртаи автомобил низ ҳамеша зери дасти шумо мебошад.

Аз истифодабарандагони замимаи «MeгаФон Life» ҳангоми харидани полиси «КАСКО» комиссия гирифта намешавад. Шарики хизматрасонӣ ташкилоти суғуртавии «Бима» мебошад.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Февраль 26, 2024 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид