Дар ғарби Гурҷистон теъдоди бар асари ярч ҳалокшудагон ба 8 нафар расид
ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони гурҷӣ ҷасади ду нафари дигареро, ки бар асари фаромадани ярч дар деҳаи Нергеети мунитсипалитети Багдати Гурҷистони Ғарбӣ ҳалок шудаанд, пайдо намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, шумораи умумии ҳалокшудагон ба ҳашт нафар расид, хабар медиҳад агентии Interpressnews.
Ба иттилои расида, ҷустуҷӯи як нафари дигар идома дорад.
Шаби чаҳоршанбе дар деҳаи Нергеети ярч фаромада, чор бинои истиқоматиро фаро гирифт. Наҷотдиҳандагон тавонистанд як нафарро наҷот диҳанд, 3 ҷасад пайдо ва 6 нафар бедарак эълон шуд. Баъдан панҷ нафаре, ки бар асари ин офати табиӣ ҳалок шуда буданд, ошкор шуданд.
Вазъи ҳаво дар Гурҷистон рӯзи сешанбе якбора бад шуд. Дар ғарби кишвар ва ҳамчунин дар ноҳияҳои баландкӯҳ миқдори зиёди барф борид, ки боиси мушкилӣ дар роҳҳо гардид. Дар қисмати баландкӯҳи вилояти Аджария рӯзи гузашта бар асари фаромадани ярч ва тарма ду нафар ба ҳалокат расид. Бинобар бад будани вазъи ҳаво Роҳи оҳани Гурҷистон ҳаракати қатораҳои байнишаҳриро манъ намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






