Дар Душанбе оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ гурӯҳи корӣ таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 20.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи қарор, гурӯҳи корӣ барои тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Ҳамзамон ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе дар сатҳи ноҳия гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ таъсис медиҳанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






