Дар Душанбе оид ба сохтмони Маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ созишнома ба имзо расид

Февраль 13, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба Лоиҳаи сохтмон ва истифодаи Маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Баъди пурра ба кор даровардани ин корхона зиёда аз 200 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи ин санад, Маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии беш аз 70,0 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Татбиқи ин тарҳ ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, таъмини маҳсулоти босифат ва рақобатпазир равона шудааст.

Масъалаи таъсиси иқтидори истеҳсолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дарҷ шудааст.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад