Дар Гуанҷоу теъдоди ҳалокшудагон бар асари вайроншавии пули мошингард ба панҷ нафар расид

Февраль 23, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ Ховар/. Дар натиҷаи бархӯрдани киштии контейнеркаш ба пули Гуанҷоу (музофоти ҷанубии Гуандун) панҷ нафар ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Телевизиони марказии Чин хабар додааст.

Қаблан дар бораи ду ҳалокшуда ва се бедаракшуда хабар расида буд.

Пас аз он ки киштии контейнеркаш як қисми пулро вайрон намуд, ду мошини тамғаи «Пикап» ба об афтода, микроавтобус, мошини боркаш ва электромопед аз роҳ берун баромада, ба болои киштӣ афтиданд.

Ҳодиса рӯзи панҷшанбе, соати 05:30 ба вақти маҳаллӣ дар ноҳияи Наншаи шаҳр рух дод. Бинобар хатои экипаж киштии контейнеркаш ба яке аз такягоҳҳои пули роҳ бархӯрда, як қисми он хароб гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 23, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад