Дар Хадамоти иҷро вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

Февраль 8, 2024 14:25

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар мавзуи «Паёми сафобахш ва роҳнамои фаъолияти Хадамоти иҷро» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фарогири натиҷагирии соли 2023, барномарезии соли 2024 ва саршор аз нукоте хушоянд ва сафобахшу ба оянда дилгармкунанда мебошад.

Президенти Тоҷикистон бо назардошти дастовардҳои муяссаргардида соли 2023-ро барои халқу давлати мо соли бобарор баҳогузорӣ намуданд. Воқеан ҳам, дар ҷаҳони муосир, ки вазъ ба таври бесобиқа мураккабу печида мегардад, ҳифз намуда тавонистани оромишу субот ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа даст ёфтан ба пешравиҳою дастовардҳо барору муваффақият аст. Нисбат ба соли 2022 8,3 фоиз зиёд гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонидани он, дар ҳафт соли охир 3,3 баробар зиёд гардидани даромади пулии аҳолӣ, 2 баробар музди миёнаи меҳнат ва 1,9 баробар андозаи нафақаи ниҳоӣ аз шумори ин дастовардҳо аст.

Соли 2024 дар мамлакат санаи бисёр мубораку фархунда, ки бунёди давлати соҳибистиқлоли мо аз он сарчашма мегирад, яъне 30-солагии қабули Конститутсия таҷлил мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023 ба тасвиб расид, ки тибқи он соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.


Имрӯз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита ба расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтааст.

Бо назардошти ин Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 — 2030» тасдиқ намуда, дастгоҳи марказӣ ва тамоми зерсохторҳои Хадамот муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи бандҳои он фаъолиятро тақвият бахшанд.

Ҳамзамон аз ҷониби Сардори Хадамот, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода вобаста ба татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 гуфта шуд, ки таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти мамлакат яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб шуда, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.

Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023 ба имзо расид. Он саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар баробар ин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид гардид, ки тибқи он барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъйиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин  мешавад.

Дар анҷоми ҳамоиш иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар сокини шарафманди мамлакат паёме буд аз дирӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар, ки мебояд онро ба сифати дастури воло ва муфиду созандаву роҳнамо дар кору пайкорамон сармашқ қарор бидиҳем.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 8, 2024 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳадафи олии сиёсати давлати Тоҷикистон таҳияи зиндагии шоиста барои аҳолӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд
Роҳиоҳанчиёни мамлакат нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистонро иҷро менамоянд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст
Дар шаҳри Норак вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Он омили муҳим барои ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа аст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар раванди тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои Тоҷикистон нақши муассир дорад