Дар Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилояти Хатлон, шуроҳои ҷамъиятии ноҳияҳои Ҷайҳун, Ёвон, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Вахш, Ҷалолуддини Балхӣ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Дӯстӣ ва Шаҳритус гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин, Кумитаи кор бо ҷавонон, Донишкадаи исломӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва роҳбарияти вилояти Хатлон иштирок менамоянд.
Иштирокдорони ҷаласа, аз ҷумла доир ба масъалаи сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон табодули назар менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






