Дар Хуросон таҳти унвони «Бунёди боғу токзор дар Тоҷикистон» машварати ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Февраль 15, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истифодаи дурусти технологияи муосири ниҳолшинонӣ ва нигоҳубину парвариши дарахтон, тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера ва зебо намудани муҳити атроф дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Хуросон таҳти унвони «Бунёди боғу токзор дар Тоҷикистон» машварати илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар медиҳад.

Дар кори машварати омӯзишии ҷумҳуриявӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати кишоварзӣ, мутахассисони соҳаи боғу токпарварӣ иштирок намуда, ба мардум дастурҳои методӣ доданд.

Дар машварат ба кишоварзон оид ба дуруст гузаронидани коркарди замин, баланд бардоштани маданияти парвариши дарахтон, ба табиати Тоҷикистон мутобиқат намудани ниҳолҳо ва тарзи дуруст шинонидани онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуданд.

Аз ҷумла, таъкид шуд, ки истифодаи техника ва технологияи муосири соҳа ва риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ барои рушди соҳаи боғдорӣ ва токпарварӣ дар мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда, дар баландшавии нишондодҳои ҳосилнокии замин, махсусан боғу токзор нақши муҳим мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

Февраль 15, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид