Дар Индианаполис бар асари тирпаронӣ як нафар ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Индианаполис (иёлати Индианаи ИМА) бар асари тирпаронӣ як нафар ҳалок ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ширкати телевизионии NBC бо истинод ба полиси шаҳр хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса дар яке аз тарабхонаҳои шабакаи Waffle House ба амал омадааст. Полис баъди гирифтани иттилоъ дар бораи тирпаронӣ ба маҳали ҳодиса омад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назар ҳастанд, ки он дар натиҷаи низоъ байни ду гурӯҳи мизоҷон оғоз ёфтааст.
Панҷ нафар маҷруҳе, ки дар дохили муассиса пайдо шуданд, дар беморхона бистарӣ гардиданд, як нафар худаш ба муассисаи тиббӣ расидааст. Зани захмбардошта баъдтар дар беморхона фавтид.
Дар айни замон гумонбарон муайян нашудаанд. Аз рӯи воқеа тафтиш оғоз шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






