Дар Қирғизистон дар натиҷаи тармафароӣ чор сайёҳ аз Чехия ҳалок шудаанд
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қирғизистон бар асари фаромадани тарма чор сайёҳ аз Чехия ҳалок шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ба ТАСС дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Иссиқкӯл (Қирғизистон) хабар додаанд.
«Дар дараи Жиргалани вилояти Иссиқкӯл чор сайёҳе, ки аз Чехия омада буданд, зери тарма монда, ҳалок шудаанд», — изҳор намуд котиби матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилоят Сталбек Усубакунов.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сайёҳони чехӣ ба Жиргалан барои лижаронӣ омада будаанд.
Шахсияти ҳалокшудагон муайян гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






