Дар Найроби саммити иқлимии Созмони Милали Муттаҳид оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Найроби саммити шашуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқлим оғоз ёфт, ки дар ин ҷо қароргоҳи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ҷойгир мебошад, иттилоъ медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба ТАСС.
«Мо аз ҳузури 7 300 иштирокчӣ, 150 вазири беш аз 100 давлат шод ҳастем, ки ин бузургтарин нишондиҳандаҳо ба ҳисоб меравад», -иброз намуд дар брифинг директори иҷроияи барнома Ингер Андерсен.
Мувофиқи гуфтаи президенти саммити иқлим ва вазири энергетика ва рушди устувори Марокаш Лейла Бенали, дар ҷараёни саммит тақрибан 19 қатънома дар бораи ҷанбаҳои гуногуни рӯзномаи иқлим баррасӣ ва қабул мешавад.
Ғайр аз он, дар яке аз рӯзҳои саммит муҳокимаи хатарҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи олӣ баргузор мешавад, иброз намуд вазири ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Кения Розелинда Соипан Туйя.
«Саммити иқлимӣ, бешубҳа, як чорабинии пуршиддате мебошад, ки дар он роҳбарони давлатҳо мушкилоти умумиро дар сатҳи олӣ муҳокима менамоянд. Баъзе вохӯриҳои дуҷониба низ ба нақша гирифта шудаанд», — иброз дошт ӯ дар маросими ифтитоҳ.
АКС: UNIS/С. Вуз








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






