Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — «Неруи сабз» ва «Евро Дез» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Неруи сабз» дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТАУЗ Гидро» ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Евро Дез» дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Евро Дез» таъсис ёфт.
Дар маҷлисҳо оид ба таъсиси ташкилоти нави ҳизбӣ доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, соҳаи энергетика ва дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ин соҳа ноилшуда, бартарияти истеҳсолоти саноатӣ тавассути неруи сабз, нақши истеҳсоли неруи сабз дар пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва то ба соли 2037 табдид ёфтани Тоҷикистон ба «мамлакати сабз» ибрози андеша карда шуд.


Ҳамчунин иштирокчиёни маҷлис оид ба низоми сиёсии ҷомеаи кишвар, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, хусусан нақшу мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон сухан гуфтанд.
Дар идомаи маҷлисҳо ба кормандоне, ки ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Точикистон шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Таъсис додан ва зиёд намудани шумораи ташкилоти ибтидоӣ дар соҳаи саноат ва соҳибкорӣ яке аз тасмимҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар соли таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ











Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






