Дар Пекин дар мавзуи «Бехатарии экологӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир гардид

Февраль 28, 2024 16:14

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар доираи татбиқи нақшаи муштараки чорабиниҳо дар давраи раёсати Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2023-2024 дар Котиботи ин созмон дар мавзуи «Амнияти экологӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин иттилоъ медиҳад.

Ҳамоиш ба «Соли экологии Созмони ҳамкории Шанхай», ки соли 2024 эълон гардидааст, бахшида шуд.

Масъалаҳои рушд дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист дар давлатҳои аъзои Созмон, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар ин самт баррасӣ шуданд. Дар мавзуи таъмини амнияти экологӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муштараки ҳалли мушкилоту таҳдидҳои бавуҷудомада табодули афкори судманд доир шуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхайро  дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ намуданд.

АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин

Февраль 28, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд