Дар Тоҷикистон истеҳсоли асал 132 тонна зиёд шудааст

Февраль 4, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2023 беш аз 266 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ин давра 4697 тонна асал истеҳсол шудааст, ки 132 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд мебошад. Дар ин хусус 1 феврали соли 2024 зимни баргузории нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ дода шуд.

Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода изҳор намуд, ки бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва ҳавасмандгардонии занбӯриасалпарварон аввалин маротиба дар мамлакат соли 2005 «Иди асал» доир гардида, ҳамасола он дар пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани содироти асал дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии савдо зиёда аз сад намунаи асали Тоҷикистон аз озмоишгоҳҳои дорои аккредитатсияи байналмилалии давлати Олмон аз ташхиси лабораторӣ гузашта, бинобар мусбат арзёбӣ гардидани сифати онҳо ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки рушди соҳа ва афзоиши истеҳсоли асал имконият дод, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мағозаҳои зиёди фурӯши асал ва маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ташкил шуда, ин намуди маҳсулот ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мунтазам дастрас гардад.

Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳа шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳо 1,8 баробар зиёд гардид.

Ёдовар мешавам, ки дар мамлакат соли 1991 ҳамагӣ 61 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, ба ҳисоби миёна аз ҳар оила 9,7 килограмм асал ва дар маҷмуъ 593 тонна асал истеҳсол мегардид.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид