Дар Токио бинобар бориши зиёди барф беш аз 130 нафар маҷруҳ гардидааст
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти оташнишонӣ иттилоъ додааст, ки бар асари бориши барфи зиёд дар Токио беш аз 130 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд, хабар медиҳад «Kazinform» бо истинод ба хабаргузории Kyodo News.
Аксари онҳо бар асари афтидан бинобар зиёд будани барф ҷароҳат бардоштаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки осебдидагони ин ҳодиса аз 4 то 92-сола буда, ба ҳаёти ягон нафараш хатар таҳдид наменамояд.
Дар префектураи ҳамсояи Канагава беш аз 30 нафар ва дар префектураи Сайтама беш аз 50 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи иттилои JR East, шаш қатори экспресс дар истгоҳҳо беш аз 10 соат дар монда, беш аз 1 600 мусофир дар дохили онҳо хобидаанд. Яке аз онҳо бинобар бад шудани саломатиаш ба бемористон интиқол ёфт.
Nippon Airways ва Japan Airlines тақрибан 30 парвози дохилиро асосан дар фурудгоҳи Ҳанэдаи Токио бекор намуданд.
Тибқи иттилои агентии обуҳавошиносӣ, то шоми душанбе дар Маэбаси, дар префектураи Гумма 11 см барф сабт шуда, дар маркази Токио ва шаҳри Сайтама 8 см барф боридааст.
АКС: freepik.com








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






