Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2023 беш аз 8 миллиард долларро ташкил дод

Февраль 15, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба 8 миллиарду 314,5 миллион доллар баробар гардид, ки 863,6 миллион доллар ё 11,6 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 14 феврал дар ҷамъи хабарнигорони ватанию хориҷӣ дар Душанбе бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки мамлакат дар соли 2023 гуфт, ки аз 8 миллиарду 314,5 миллион доллари гардиши савдои хориҷии мамлакат дар соли 2023   5 миллиарду 880,1 миллион долларро воридот ва 2 миллиарду 434,3 миллион долларро содирот  ташкил медиҳад.

Номбурда  афзуд, ки воридоти мол соли 2023 нисбат ба соли 2022 (5 123,6 миллион доллар) 756,6 миллион  доллар ё 14,8 фоиз зиёд шуда, содирот нисбат ба соли 2022 (2 327,3 миллион доллар) ба андозаи 107,0 миллион доллар ё 4,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2023 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 94,9 миллион доллар ёрии башардӯстона ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 (124,1 миллион доллар) 29,2 миллион доллар  ё 23,5 фоиз кам мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд