«ГЕОЛОГИЯ ДАР ФАЗО ВА ЗАМОН». Дар арафаи Наврӯз дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 75-солагии таъсиси факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов 15-17 марти соли 2024 дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Геология дар фазо ва замон» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов Рустам Ғаниев 16 феврал дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар конфронси байналмилалӣ беш аз сад мутахассис ва олими соҳаи геология аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок менамоянд. Дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаҳо баргузор гардида, инчунин иштирокдорони конфронси байналмилалӣ зимни саёҳат дар минтақаҳо бо манзараҳои геологии Тоҷикистон аз наздик шинос мешаванд.
Рустам Ғаниев афзуд, ки маҳз дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов таҷлил намудани 75 –солагии таъсиси факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва дар доираи он ташкили конфронси байналмилалӣ дар мавзуи геология беасос нест, зеро масъалаи рушди соҳаи геология дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 махсус таъкид гардида буд.
Инчунин конфронси байналмилалӣ дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, иштирокдорони он бо тамаддуни миллати тоҷик ва арзишҳои фарҳангии мо аз наздик шинос мегарданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»






