ИҶРОИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сокинони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 26 январ то 5 феврал дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагонашон роҷеъ ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар доираи чунин вохӯриҳо имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сокинони деҳоти Турсун Тӯйчиев, Работ, Сешанбе, ҷамоатҳои деҳоти Навобод, 10-солагии Истиқлолият ва аҳли илму маорифи шаҳри Турсунзода мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ вакили мардумӣ нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинон расонид.
Таъкид шуд, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо бо шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талошамонро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Вакили мардумӣ ҳамчунин ба масъалаи таҳкими волоияти қонун диққати ҷиддӣ дода, иброз намуд, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.
Бо мақсади амалишавии ин арзиши конститутсионӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ такмил дода шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардидаанд.
Дар интиҳои мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ба саволҳои сершумори сокинони шаҳри Турсунзода посух дод.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»






