ИҶРОИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сокинони шаҳри Турсунзода мулоқот намуд

Февраль 1, 2024 16:32

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 26 январ то 5 феврал дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагонашон роҷеъ ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.   

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар доираи чунин вохӯриҳо имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо сокинони деҳоти Турсун Тӯйчиев, Работ, Сешанбе, ҷамоатҳои деҳоти Навобод, 10-солагии Истиқлолият ва аҳли илму маорифи шаҳри Турсунзода мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ вакили мардумӣ нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинон расонид.

Таъкид шуд, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ мо бо шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талошамонро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Вакили мардумӣ ҳамчунин ба масъалаи таҳкими волоияти қонун диққати ҷиддӣ дода, иброз намуд, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.

Бо мақсади амалишавии ин арзиши конститутсионӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ такмил дода шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардидаанд.

Дар интиҳои мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ба саволҳои сершумори сокинони шаҳри Турсунзода посух дод.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 1, 2024 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд