Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 4+8 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, борону барф, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борону барф, шабона дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш шуда, рӯзона дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 2-7 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш шуда, рӯзона дар водиҳо борону барфи тар, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борону барфи тар пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






