Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 09:00 доир мегардад.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 11:00 доир мешавад.
Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 14:00 дар Вазорати нақлиёт баргузор мегардад.
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 ва дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ соати 10:30 гузаронида мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
АКС:АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






