ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Масъулин барои пурра ҷорӣ намудани ин низом дар давоми ду сол дар ҳамаи соҳаҳо вазифадор гардидаанд

Февраль 20, 2024 16:36

ДУШАНБЕ, 20.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Санҷишу таҳлилҳои гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар ҷараёни татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ки тибқи он аз 1 августи соли 2023 пардохти ҳама намуди андозу пардохтҳо ва хизматрасониҳои давлатӣ бояд ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад, аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то ҳанӯз камбудиҳои зиёде ҷой доранд. Чунин изҳори нигаронӣ намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ҳамгироии мубодилаи маълумот оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар байни сохтору мақомот мукаммал ба роҳ монда нашуда, дар низоми бонкӣ дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ то ба ҳол ғайр аз «корти миллӣ» истифодаи дигар намуди кортҳо маҳдуд мебошад. Умуман, соли 2023 ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ дар пардохти молу хизматрасониҳо дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 20 фоизро ташкил додааст, ки қонеъкунанда нест», — иброз доштанд Президенти мамлакат.

Пешвои миллат хотиррасон намуданд, ки тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2014) таъкид гардид, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо, инчунин, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар давоми ду сол низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.

«Бонки миллӣ якҷо бо вазоратҳои адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Хадамоти алоқа ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ доир ба фароҳамсозии инфрасохтори мукаммали хизматрасониҳои бонкӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Хадамоти алоқа барои муҳайё намудани интернети баландсуръат ва таъмин кардани талаботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар самти рушди иқтисоди рақамӣ чораҳои муассирро амалӣ созанд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки 2 феврали соли равон дар Вазорати молияи Тоҷикистон вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», инчунин роҳбарони дигар бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзӣ иштирок намуданд.

Аз ҷониби мутахассисони дахлдори Вазорати молия рӯнамо оид ба таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратии мамлакат дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ манзур гардида, ҳамзамон вобаста ба масъалаи баррасии роҳҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат мутобиқ ба таҷрибаи байналмилалӣ иштирокдорон изҳори андеша ва пешниҳодҳои муфид намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар раванди хизматрасонии муздноки давлатӣ, ки татбиқи он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» амалӣ мешавад, барои қабули таклифу пешниҳод бо нишонии peshnihod@moliya.tj почтаи электрониро фаъол кардааст.​

Бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳое, ки дар ин раванд ҷой доранд, вазорат аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хоҳиш намудааст, ки таклифу пешниҳоди худро вобаста ба масъалаи мавриди назар ба суроғаи электронии peshnihod@moliya.tj манзур намоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2024 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мулоқот намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар шаҳри Бохтар доир ба натиҷаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон то 10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Смартфонҳо VS телефонҳои тугмачадор: «Имконоти рақамӣ» ғолиб меоянд!
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳалокати нафарони зиёдро пешгирӣ намудаанд
Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Лахш ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Вахш даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар мавзеи «Кӯли ҷавонон» ҳашари дастҷамъона гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад