Масъалаи ташкили курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар шаҳри Москва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Яковенко мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои дахлдорро дар чаҳорчўби ҳамкории судманд, дар доираи барномаҳои таълимии бакалавриат, магистратура ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ дар Академияи дипломатӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба идомаи ҳамкорӣ дар самти муҳайё намудани шароити муносиб барои корҳои илмӣ-таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






