МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо волидайни донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрии роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бо волидайни донишҷӯён дар доираи нақша-чорабиниҳои корҳои тарбиявии муассиса баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хабар доданд.
«Падару модаронро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, муҳофизи марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ ва донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд»,- таъкид намуд Муҳриддин Низомӣ.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки имрӯз падару модарон насли ҷавонеро бояд тарбия намоянд, ки дар муборизаи ҳаёт монеаҳои пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал намуда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагарданд.
Дар ин хусус суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ва дорои аҳаммияти хос аст: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».
Ҳамчунин дар вохўрӣ ба масъалаҳои мутолиаи китоб, риояи либоспўшӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муоширати донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки донишҷӯёнро зарур аст, ки ба риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии аз ҷониби Вазорати маориф пешниҳодгардида аҳаммияти ҷиддӣ дода, сари вақт бо ҷузвдону ашёи хониш ба дарс ҳозир гарданд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои муҳим, аз ҷумла риояи тартибу интизом дар хобгоҳ, тарзи либоспӯшӣ, одоби сухан, риояи ҳолати санитарӣ ва гигиенӣ дар ҷойи зист мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбарияти муассиса падару модаронеро, ки фарзандашон бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд, бо “Сипоснома”- и донишкада қадрдонӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» моҳи августи соли 2011 ба тасвиб расида, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овардааст.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид






