«Муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад», — бардошт аз ҳамоиши идона дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, роҳбарияти донишгоҳ ва афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ.
Ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, кафили сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол мебошад, зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро сарбаландона иҷро менамояд. Воқеан, ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои миллат ва хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мебошад.


Дар идомаи ҳамоиш ҷавонон ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят шуданд. Баён гардид, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад.
Дар ҳамоиш афсарони кафедраи ҳарбӣ ва намояндагони донишгоҳ бо мукофотпулӣ ва медалу ифтихорномаҳои ҷашнӣ қадрдонӣ шуданд.
Барномаи фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ, ки иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона буд, ба барнома ҳусни тоза бахшид.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






